​Таъсири бӯҳрони ҷаҳонишавӣ ба бозорҳои молиявӣ ва суғурта

Таҳти унвони “Таъсири бӯҳрони ҷаҳонишавӣ ба бозорҳои молиявӣ ва суғурта” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар кори он олимони Институти илми таҳқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва як қатор устодони факултети иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки конференсия дар шакли онлайн сурат гирифта, дар доираи он олимон, мутахассисони соҳаи молия ва муҳаққиқон аз донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Белорусия, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Дар маҷмуъ, дар доираи кори конференсия 24 маърӯза перомуни масъалаҳои мубрами соҳаи суғурта, мушкилот ва самтҳои афзалиятноки рушд ва дурнамои инкишофи соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи конференсия оид ба хусусиятҳои ташаккули бозори асъор дар шароити иқтисоди Тоҷикистон, таъсири ҷаҳонишавӣ ба молияи ҷаҳонӣ, проблемаҳо ва дурнамои рушди бозори молиявӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ маърӯзаҳо ироа доштанд.

Дар назар аст, ки маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия дар маҷаллаи “Корпортивная экономика” (бо Индекси илмии иқтибосшавандаи Россия (РИНЦ)) ва маърӯзаҳои беҳтарин дар маҷаллаи “Страховое дело” (маҷаллаи аз тарафи КОА Вазорати илм ва маорифи Россия тақризшаванда) чоп хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ