​Таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо, стратегия ва рушди он

Таҳти унвони “Таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо, стратегия ва рушди он” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсиияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки дар доираи таҳсилоти фарогир ва ба раванди омӯзиш ҷалб кардани кӯдакони камбудии нутқдошта дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиру барномаҳои мушаххас татбиқ гардиданд. Ҳанӯз дар солҳои 1997-98 аз рӯи ихтисосҳои олигофренопедагогика ва логопедия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аввалин хатмкунандагони соҳа соҳиби диплом гардида, ба муассисаҳои махсус равона гардиданд.

“Соли ҷорӣ беш аз 140 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои мазкур донишгоҳро хатм менамоянд. Айни ҳол дар донишгоҳ Маркази машваратӣ-ислоҳӣ ва таҳсилоти фарогир, синфхонаи корексионӣ ва утоқи сурдологопедӣ амал мекунанд, ки барои пеш бурдани раванди корҳо дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меоварад” – афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Асарҳои нашрнамудаи дотсентони донишгоҳ Зикриё Раҳмонов, Дилбар Раҳмонова, Садбарг Элмуродова таҳти унвонҳои“Лигофренопедагогикаи умумӣ”, “Асосҳои педагогика ва психологияи махсус”, “Асосҳои логопедия”, “Талафуз”, маҷмӯаи мақолаҳои “Муаммо ва дурнамои таҳсилоти фарогир”, “Луғати мухтасари истилоҳоти нуқсоншиносӣ ва тавсифи мафҳумҳо” дар самти омӯзиши фанҳои мазкур раҳнамои муфид унвон шуд.

Бо назардошти афзоиш ёфтани довталабон ба ихтисосҳои номбаршуда пешниҳод гардид, ки бахши ғоибонаи ихтисоси сурдопедагогика ва логопедияи таъсис дода шавад.

Дар идома як қатор маърӯзаҳо шунида шуд. Аз ҷумла, профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Сабурӣ Хайрулло таҳти унвони “Таҳсилоти фарогир: мушкилоти татбиқ ва роҳҳои бартарафсозӣ”, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё дар мавзуи “Технологияи татбиқи таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” дар шаҳри Хуҷанд Ахмедова Сабоат доир ба “Аз таърихи муваффақиятҳои амалигардонии лоиҳаи “Театри инклюзивий” маърӯза намуда, перомунимуаммо ва рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳиму ҷолиб ироа намуданд.

Маърӯзаи сармутахассиси шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосири Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ҳакимова Ҷамила тариқи маҷозӣ оид ба “Асосҳои иҷтимоию психиологии пешгирии ҷинояткории байни ноболиғон” шунида шуд.

Конференсия дар панҷ бахш: “Дастгирӣ ва дастрасии психиологию педагогии таҳсилоти фарогир: механизмҳои рушди салоҳияти касбии фарогири мутахассисон”, “Махсусияти иҷтимоикунонии инкишофи ҳаматарафаи кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шароити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва макотиби олӣ”, “Таҳқиқи технологияи инноватсионӣ дар таълиму тарбия ва корҳои ислоҳнамоии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар илмҳои педагогика ва психиологияи махсус”, “Саҳми оила дар инкишофи ҳаматарафаи кӯдакони имконияташон маҳдуд”, “Мавқеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои саломатӣ дар иҷтимоикунонӣ ва солимгардонии кӯдакони имконияташон маҳдуд” идома ёфт.

Дар маҷмуъ, дар доираи конференсияи мазкур наздик 70 маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа ва шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ