​Ташаккули тарзи ҳаёти солим

Ин мавзӯи дарси кушоди навбатӣ буд, ки бо иқдоми кафедраи грамматикаи забони арабӣ ба роҳ монда шуд. Ин ташаббус ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён ва ба муносибати 25 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс аз ҷониби муаллими кафедраи грамматикаи забони арабӣ Абдуллоева ташкил шуда, дар он донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси арабӣ-англисӣ иштирок намудаанд.

Омӯзгор перомуни мавзӯи дарс маърӯза намуда, ба донишҷӯён аз аҳамияти тарзи ҳаёти солим таъкид намуд.

Ҳамзамон, наворҳои кӯтоҳмуддати тарбиявӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби донишҷӯён саҳнача низ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ