​Ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон дар дарситаърих

Дар кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ – анъанавии устодон бахшида Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар конференсия устодон перомуни мавзуъҳои “Роҳҳои ташаккул додани қобилияти зеҳнии хонандагон дар дарси таърих”, “Хусусиятҳои салоҳият дар таълими ҳуқуқ”, “Роҳҳоиташаккули салоҳияти хонандагон дар ҷараёни таълими таърих”, “Мавқеи омӯзгор дар раванди таълиму тарбия”, “Технологияи инноватсионии таълим”, “Роҳ ва усули баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён”, “Истифодаи методҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарси ҳуқуқ” ва “Баррасии моҳияти коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории омӯзгор дар шароити муосир” баромад намуданд. Дар идома маърӯзаҳои шунида шуда мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ