Ташаббусҳо ҷиҳати таҳкими сатҳи тарбия

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбия ва таҳкими фаъолияти ҷавонон семинар баргузор шуд. Ин ташаббус идомаи семинарҳои қаблӣ унвон мешавад, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба рушди фаъолият ва ислоҳи монеаҳо идома дорад.

Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи тарбия ва Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон зимни суҳбат бо масъулини факултетҳо дар мавриди ислоҳи камбудиҳо таваҷҷуҳ намуда, дар самти таъмини таҳкими пешрафт ва расидан ба дастовардҳо ибрози назар намуданд.

Ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои созанда, таъмини интизоми намунавӣ, рояи сару либоси тавсиявӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими зиракии сиёсии донишҷӯён аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки дар доираи ин ибтикор баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Бо вазифагузорӣ ба хотири пирӯзиҳои навин ва дастовардҳои тоза дар самти таҳкими фаъолият семинари навбатӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Интизор меравад, ки иқдоми мазкур идома ёфта, дар факултетҳо низ мавриди татбиқ қарор мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ