​Ташаббусҳо дар доираи таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи раванди таҷрибаомӯзӣ ба муносибати ҷамъбасти сол як қатор ташаббусҳо ба роҳ монданд. Дар ин доира чорабиниҳои фарҳангӣ, дарсҳои намунавӣ, соати тарбиявӣ, ҷамъомади адабӣ ба роҳ монда шуданд, ки ҳадаф аз онҳо таъмини самаранокии таҷрибаомӯзӣ унвон мешавад.

Аз ҷумла, аз ҷониби курси панҷуми факултетипсихология ва таҳсилоти томактабӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд дарси намунавӣ, бо ташаббуси донишҷӯёни курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи рус чорабинии тарбиявӣ, таҷрибаомӯзони курси 5 – уми факултети забонҳои хориҷӣ дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади фарҳангӣ ва бо иқдоми таҷрибаомӯзони факултети забонҳои шарқ таҳти унвони “Magical New Year” чорабиниитарбиявӣ роҳандозӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин чорабиниҳо бо мақсади татбиқи донишҳои назарӣ ва таҳкими маҳорати педагогии таҷрибаомӯзон ба роҳ монда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин чорабиниҳо мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ Назирҷон Пӯлотов иштирок намуда, ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ маслиҳатҳои муфид манзур дошт.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сифатнок ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт шароити арзанда фароҳам аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ