​Ташаббусҳо бахшида ба рӯйдодҳои таърихӣ

Таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони русии факултети филологияи рус Ҳоҷимуротова Розия бо донишҷўёни курси якуми факултети биология ва химия чорабинии беруназсинфї гузаронида шуд.

Ин ташаббус ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар доираи он донишҷўён бо маърўзаҳои пурмазмун баромад намуданд.

Ҳамзамон, шеъру сурудҳо шунида шуд, ки ба чорабинӣ таровати бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ