Тарҷумони беҳтарин

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани “Рӯзи илми тоҷик” миёни донишҷӯёни донишгоҳ озмуни донишгоҳии «Тарҷумони беҳтарин»-ро аз забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, хитойӣ, олмонӣ, арабӣ, франсавиро ба забони тоҷикӣ эълон менамояд.

Талабот ба кори озмун:

- Маводи тарҷумашаванда бояд порчаҳо аз асарҳои бадеӣ, ҳикояҳо, порчаҳои шеърӣ ва дигар осори бадеиву публитсистиро фаро гирад.

- Тарҷумаҳо бояд то 5 саҳифаро дар бар гирад ва тариқи хаттиву электронӣпешниҳод шавад;

- Як нафар донишҷӯ метавонад вобаста ба 7 забон мавод пешниҳод намояд;

- Муҳлати охирони қабули маводи тарҷумаҳо санаи 15.03.2022 соати 1600

Ғолибони Озмун дар чорабиниҳои тантанавии бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд.

Маводи беҳтарин барои чоп дар рӯзнома ва маҷаллаҳо тавсия карда мешавад.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, утоқи 105

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ