​Таркиби луғавии забони тоҷикӣ

Дар факултети филологияи тоҷик дарси кушоди сатҳи донишгоҳии дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Қўрғонов Зоҳид баргузор гардид.

Дарси мазкур бо донишҷўёни соли дуюм ба роҳ монда шуда, аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ба мавзуи «Таркиби луғавии забони тоҷикӣ» бахшида шуд.

Дарс бо иштироки намояндаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, декани факултет, ноибдекани бахши таълим ва як қатор устодони кафедра сурат гирифт.

Дар доираи дарс усулҳои фаъоли таълим истифода шуда, тариқи муаррифинома ва воситаҳои муосири технологӣ мавзуъ ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ