​Таҷрибаомӯзон нозукиҳои санъати тасвириро барои хонандагон омӯзониданд

Донишҷӯёни соли панҷуми факултети санъати тасвирӣ ва технология дар доираи таҷрибаомӯзӣ барои хонандагон мавзӯи "Расмкашӣ аз асл, Натюрморт» - ро шарҳ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзон ба хонандагони синфи панҷуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста шудаанд.

Гуфта мешавад, ки донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ нозукиҳои фанни санъати тасвириро барои хонандагон омӯхта, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ