​Таҷрибаомӯзон мустақилона дарси кушод гузарониданд

Донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ мустақилона дарс гузашта истодааанд. Аз ҷумла, ин навбат ҷиҳати татбиқи донишҳои назарӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дарси кушод ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом зери роҳбарии мушовир - омӯзгор Ашӯров Аҳмадшоҳроҳандозӣ гардид.

Таҷрибаомӯз дар доираи дарс ҳамаи лаҳзаҳои дарси забони англисиро риоя намуда, марҳилабандии онро аз лиҳози методӣ дуруст ташкил намуд. Дарс ба мавзӯи “School Garden” бахшида шуд.

Дар лаҳзаи ташкилии дарс муаррифии пурмӯҳтаво истифода гардида, ваҷҳнокии хонандагон ба раванди дарс бедор карда шуд.

Бо хонандагон як қатор бозиҳои интерактивӣ низ гузаронида шуд, ки ин усул барои ҷоннок намудани раванди таълим мусоидат кард.

Инчунин, дар дарси забони англисӣ аз воситаҳои техникии муосир истифода бурда, ба хонандагон доир ба ҷойҳои таърихии кишварамон бо истифода аз муаррифӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ