​Таҷрибаомӯзон аз мавзеъҳои таърихӣ дидан карданд

Донишҷӯёни бахши дуюми факултети филологияи рус ба таҷрибаомӯзии таълимӣ оғоз намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни ихтисосҳои “Забон ва адабиёти рус”, “Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ” ва “Забон ва адабиёти рус ва Забон ва адабиёти тоҷик” ҳамакнун мувофиқи нақша дармуассисаҳои муайяншуда таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар доираи ин ташаббус таҷрибаомӯзон аз як қатор мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан карданд. Аз ҷумла, донишҷӯён ба китобхона, осорхона, марказҳои забономӯзӣ, идораи нашрияҳои вилоятиву шаҳрӣ ташриф оварда, сатҳи маълумотнокии худро таҳким бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ташаббус донишҷӯёнро роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳои факултет ҳамроҳӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан гуруҳҳои муайяни ихтисосҳои гуногун ба таҷрибаомӯзӣ шуруъ намуда, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ