​Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён

Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён конференсия баргузор гардид.

Декани факултет, дотсент Ҷабборов Иброҳим оид ба таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба роҳ мондани раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, методи кори таҷрибаомӯз, дар як вақт дар асоси нақшаи ҳафтаинаи фардӣ ба роҳ мондани дарсҳо аз фанни таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, такмил додани малака ва маҳоратионҳо суханронӣ намуд.

Номбурда таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани омӯзгорони тахассусманд ба шумор меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки донишҷӯён ба ин раванд таваҷҷуҳ хос зоҳир намуда, масъулияти баланд зоҳи намоянд.

Мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Маҳмудов Олимҷон донишҷӯён – таҷрибаомӯзонро бо фармоиши ректори донишгоҳ шинос намуда, дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусӣ, методика, педагогика ва психология, ба даст овардани малакаи корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва ташкилӣ, дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок кардан, риоя намудани интизом дар мактаб, тарзи либоспӯшӣ, этикаи касбӣ ва ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзиро шарҳ дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ