​Таҷрибаомӯзии педагогӣ: татбиқи донишҳои назарӣ

Бо фармони ректори донишгох як гурӯҳ донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси математика дар гимназияи №1 -и шахри Хуҷанд таҷрибаомӯзии педагогӣ доранд.

Барои таҷрибаомӯзон тамоми шароит муҳайё буда, онҳо аз омӯзгорони пешқадами муассисаи таълимӣ нозукиҳои касби интихобкардаашонро меомӯзанд.

Маврид ба зикр аст, ки ин марҳилаи дуюми таҷрибаомӯзии донишҷӯён буда, дар доираи он донишҷӯён донишҳои назарии худро дар амал татбиқ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ