​Таҷрибаомӯзии педагогӣ: Муносибати босалоҳият ва тарбияи омӯзгорони ҷавон

Таҷрибаомӯзони курси чоруми ихтисоси математикаи факултети математика дар МТМУ рақами 31 - и шаҳри Хуҷанд бомуваффақият таҷрибаи педагогӣ андӯхта истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди таҷрибаи педагогӣ донишҷӯён дар баробари дарс гузаштан аз фанҳои ихтисосӣ вазифаи роҳбари синфиро низ иҷро намуда истодаанд.

Ҳамзамон, таҷрибаомӯзон дарсҳои соатҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои тарбиявию ахлоқӣ бо ҳуввияти баланди миллӣ дар сатҳи хуб ташкил ва баргузор менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ