​Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология

Донишҷӯёникурси сеюми ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагии факултети санъати тасвирӣ ва техология барои сайқал доданидонишҳоиназариявӣ дар раванди истеҳсолот, шинос шудан бо сохтори корхонаҳои истеҳсолииСП “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “Раҳимов А.А.” ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, таҳти роҳбарии устодон ба таҷрибамомӯзии истеҳсолӣ ҷалб гардиданд.

Директори корхонаи истеҳсолииСП“Ҷавонӣ” Иброҳим Ғафуров донишҷӯёнро барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсолӣ хайрамақдам гуфта, таҷрибаомӯзлнро бо шароит ва имкониятҳои корхона ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ шинос намуданд.

Ҳамзамон таҷрибаомӯзон таҳти сарварии роҳбарон аз сехи “Анбори пахта” дидан намуда, пас аз он бо сехҳои омода намудани ресмон, яъне ресидани он шинос шуданд. Таҷрибаомӯзон дар сехи дигар бо тарзи бофтани матоъ, муайянкунии нуқсони матоъ, рангкунии матоъ, буридани матоъ аз рӯи қолаб, сехи дӯзандагӣ, рангуборимаҳсулотҳои омодагардида, коркарди мартубу ҳароратӣ ва коркарди охирон бастабандкунӣ шинос карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ҳамарӯза донишҷӯён ба ғайр аз шиносоӣ бо сехҳои корхонаи истеҳсолӣ боз дар сехи дӯзандагӣ ба кормандони корхона ёрӣ расонида, ҳар рӯз аз тарафи донишҷӯён то 500 дона ягон ҷузъи маҳсулоти истеҳсолӣ омода карда, дониш, маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал мдоданд. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ-таълимӣ донишҷӯён бо дӯхтани киссаи шим, дарзмол кардани ягон қисми алоҳидаи шим, дӯхтани ду паҳлӯи шим, рақамгузорӣ, печондӯзӣ намудан, дӯхтани ангала дар шим ё шимро аз ресмонҳои изофагӣ тоза карданро ба пуррагӣ аз худ намуданд.

Инчунин зергурӯҳи дуюми ихтисоси технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ба корхонаи истеҳсолииҶДММ “Раҳимов А.А.”ҳозир гардида, барои гузаронидани таҷрибаомӯзииистеҳсолӣ бо истеҳсолот вамаъмурияти корхона шинос шуданд.

Дар раванди шиносоӣ аввал таҷрибаомӯзон бо сехи бофандагӣ, ки дар онматоъ аз нахи пахта тайёр карда мешавад,баъд бо сехи рангубори матоъ, ки дар он матоъи тайёр дар ду намуди таҷҳизот ранг карда шуда, дар таҷҳизоти ҶИГЕТ хушконида мешавад, шинос гардиданд. Дар анбори нигоҳдории матоъ бо таҷҳизоти санҷиши сифати матоъ ва рафти кори он маълумот гирифта, дар сехи буррандагӣ бо таҷҳизоти МАК ва ДЖУГАЙ ошнои пайдо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ