Таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба ҳайси тарҷумон
Як қатор донишҷӯёни ихтисоси форсӣ – хитоӣ ба корхонаи ҶДММ КМ "Зарафшон" воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҷрибаомӯзӣ доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ ба ҳайси тарҷумон фаъолият бурдаистодаанд. Ҳар як донишҷӯ мувофиқи дониши худ ба қисмҳои корхона тақсим шуда, боҳамроҳии мутахассион таҷриба омӯхта истодаанд.
Хотиррасон менамоем, ки донишҷӯён ҷиҳати дар амал татбиқи дониши назариявӣ ба як қатор корхонаву муассисаҳои бо донишгоҳ ҳамкор ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуда, малакаву маҳорати худро таҳким доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил