Таҷрибаомӯзӣ: татбиқи донишҳои назарӣ
Як гуруҳ донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ доранд.
Ин навбат таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гуруҳи 501 “А” таҳти роҳбарии методисти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим сармуаллима Бобоева дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
Таҷрибаомӯзон бо соатҳои дарсӣ ва роҳбарии синфӣ таъмин ва вобаста карда шуда, ҳуҷҷатҳои таҷрбаомӯзиро дар вақташ ба тартиб дароварда, дар ҷараёни дарсҳо аз аёниятҳои таълимӣ ва методҳои гуногуни интерактивиюмуосиристифода бурда истодаанд, ки шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба дарс баланд хоҳад намуд.
Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Назирҷон Пӯлотов дар мулоқот бо донишҷӯён ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ маслиҳатҳои муфид дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил