​Таҷрибаомӯзӣ: Ташаккули маҳорати касбии омӯзгорони оянда

Таҷрибаомӯзони факултети филологияи тоҷик, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҷрибаи омӯзгории худро дар МТМУ №15 ба номи Илҳом Ҳакимови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида истодаанд.

Таҷрибаомӯзӣ аз 18-уми апрели соли ҷорӣ оғоз ёфт ва баъди иштирок дар конференсияи ифтитоҳӣ ҳайати гурӯҳ ба муассисаи таълими номбурда равона шуданд. Роҳбари тахассусӣ бо маъмурияти мактаб мулоқот намуда, бо иштироки директори мактаб, муовинон, роҳбари методии муассиса, муаллимони фаннӣ, роҳбарони синф ва таҷрибаомӯзон ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷаласа тартибу низоми дохилӣ, реҷаи мактаб, вазифагузориҳо ва дигар талабот ба таҷрибаомӯзон фаҳмонида шуд. Баъдан бо иҷозати директори муассиса таҷрибаомӯзон ба синфҳои 5-6-ум вобаста карда шуданд.

Дар оғоз таҷрибаомӯзон ба дарси муаллимони вобасташуда ва ҳамчунин омӯзгори пешқадами муассисаи таълимӣ иштирок карда, аз нозукиҳои дарс аз наздик шинос шуданд.

Роҳбари тахассусӣ бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва номгӯи корҳо ҳайати гурӯҳро шинос карда, гӯшаи таҷрибаомӯзӣ, рӯйхати навбатдорон ва ҷадвали дарсӣ мураттаб гардид.

Аз ҳафтаи дуюми таҷрибаомӯзӣ дар синфи вобасташуда соатӣ дарсҳои озмоишӣ гузарониданд. Баъди дарсҳои озмоишӣ таҳлилу машварат доир намуда, муаллимони фаннӣ ва роҳбари тахассусӣ бобати дарси баргузоршуда ва савияи дониши таҷрибаомӯз, маҳорату малакаи ӯ андешаҳои худро иброз намуданд. Аз мушоҳидаи ҳар як дарси таҷрибаомӯзон ва масъулиятшиносии онҳо маълум шуд, ки эшон нисбат ба касби омӯзгорӣ маҳбубият доранд ва бо шогирдон бо шавқу ҳавас корбарӣ карда метавонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ