Таҷрибаомӯзӣ: таҳкими маҳорати педагогӣ
Донишҷӯёни курси 4 – уми шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи рус барои гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ сафарбар гардиданд.
Мувофиқифармоиши ректори донишгоҳдонишҷӯён ба зергурӯҳҳо таќсим шуда, ба 11 мактаби шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим шуданд.
Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти русдотсент Камолова Муаззам роҳбарони таҷрибаомӯзиро бо нусхаи тахминии нақшаи кори роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори он таъмин намуд.
Дар ҳафтаи аввали таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо шароити мактаб, бо муаллимон ва синфхонаҳо ошно шуда, ба синфҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум вобаста шуданд. Донишҷӯён ба дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок карда, роҳу усули дарсдиҳиро омӯхта истодаанд.
Аз ҳафтаи дуюм сар карда, таҷрибаомӯзон аз рӯйи ҷадвал ба дарсҳои мустақили худ шурӯъ намуданд. Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мактабҳо ва методистони вобасташуда ба раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, сохтани нақшаҳои тавзеҳӣ, айёниятҳо ба таҷрибаомӯзон кӯмаки амалӣ расонида истодаанд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён то сани 22 декабри соли 2022 давом хоҳад кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил