Таҷрибаомӯзӣ: Мустаҳкамкунии донишҳои назариявиву амалӣ
Аз тарафи таҷрибаомузони курси 5-уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дарси намунавӣ аз фанни математика ва соати тарбиявии ҷамбастӣ таҳти роҳнамоии роҳбарони методист дар мактаби хусусии "Паймони азизон" - и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Таҷрибаомӯзон дарсро бо усулҳои муосири таълим ба роҳ монда, аз аёнияту технологияҳо муосир фаровон истифода намуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни машғулияти намунавии худ якчанд бозиҳои ҷолиб, кори гурӯҳӣ, шеърхонӣ, рақсу суруд ворид намуда, шавқу завқи хонандагони синфҳои ибтидоиро ба омӯзиши забони русӣ бедор намуданд.

Зимни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусии методика, педагогика ва психология, баланд бардоштани малакаи корҳои ҷамъиятӣ – сиёсиву ташкилӣ ва монанди инҳо шинос шуда, маҳорати касбиашонро такмил доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил