​Таҷрибаомӯзӣ – кафили татбиқи дониши назариявӣ

Донишҷӯёни ихтисоси забони англисӣ давоми панҷ ҳафта инҷониб дар Муассисаи давлатии таълимии хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии педагогӣ доранд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ба дарси як қатор муаллимони пешқадами муассиса иштирок намуданд.

Роҳбари тахассусӣ донишҷӯёнро бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва номгӯи корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ шинос намуд. Инчунин гӯшаи таҷрибаомӯзӣ, рӯйхати навбатдорон ва ҷадвали дарсӣ мураттаб гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён шуруъ аз ҳафта исеюми таҷрибаомӯзӣ дар синфҳои вобасташуда соати тарбиявӣ гузарониданд.

Интизор меравад, ки донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар баробари иштирок дар машғулият, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ низ доир хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ