​Таҷрибаомӯзӣ - кафили такмили маҳорат

Донишҷуёни курси чоруми шуъбаи фосилавии факултети филологияи рус дар доираи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 воқеаъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровҷараён дорад, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён мустақилона барои хонандагон дарс дода, маҳорати педагогии худро сайқал медиҳанд.

Аз ҷумла, дарси санҷишии таҷрибаомӯз Аскарова Маҳлиё дар мавзӯи “Слова с мягким знаком в середине слова” гузаронида шуд. Дар дарс муаллимони фаннӣ ва методисти гурӯҳ иштирок намуданд.

Аз тарафи тачрибаомӯз усулҳои фаъоли таълим ва аёниятҳоистифода шуд, ки ба сифати баланди дарс мусоидат намуд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ