Таҷрибаомӯзӣ: донишҷӯён мустақилона дарс мегузаранд
Донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи курси 3-юми ихтисосҳои “Технология” ва “Технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ” –и факултети санъати тасвирӣ ва технология шуруъ аз 30 январ ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар факултет ҷиҳати шинос намудани донишҷӯён бо тартиб ва қоидаҳои таҷрибаомӯзӣ конференсия баргузор гардида, дар доираи он аз ҷониби масъулин раванди таҷрибаомӯзӣ фаҳмонида шуд.
Ба таҷрибаомӯзон муҳтавои Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ин гуруҳи донишҷӯён мутобиқиНизомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2017 таҳти №1/16 ва тибқи нақшаи таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ 4 ҳафта давом хоҳад намуд.
Феълан донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар дарсҳои омӯзгорон иштирок ва мустақилона низ дарсҳо ташкил намуда истодаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил