​Таҷрибаомӯзӣ: донишҷӯён аз фанни технология дарс гузаштанд

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ ва технология шуруъ аз санаи 11-уми ноябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд ба таҷрибаомӯзӣ оғоз карданд.

Гуфта мешавад, ки донишҷӯёнро дар марҳилаи таҷрибаомӯзӣ сармуаллима Алиева роҳбарӣ мекунад

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ба хонандагони синфи 8 аз фанни технология ва таълими меҳнат дарс гузашта, дониши назариявии худро дар амал татбиқ доранд.

Интизор меравад, ки донишҷӯён то санаи 23-юми декабр дар муассисаи болозикр таҷриба хоҳанд андӯхт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ