Таҷрибаи таълимии саҳроии ҳарбӣ – амалии донишҷӯён

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом аз ҷараёни таҷрибаи таълимии саҳроии ҳарбӣ – амалии донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ боздид намуд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар таълимгоҳи марказии Горнизони Суғд, қисми ҳарбии 07746 – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, аз 13 июн то 25-уми июни соли 2022 давом хоҳад кард.

Боздиди ректори донишгоҳ ҷиҳати шиносоӣ аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз ин ибтикор мусоидат ба таҳкими сифати таҷрибаомӯзӣ ва таъмини шароити мусоид баҳри дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён дарсҳои ҳарбӣ-амалӣ, аз қабили тайёрии тактикӣ, сафороӣ, оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёрии техникӣ, тиббӣ ва оташфишонӣ – тирпарронӣ омӯзонида шуда, ба таҷрибаи таълимии саҳроии ҳарбӣ – амалӣ донишҷӯёни ихтисосҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ҷалб мешаванд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Исломзода зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти таҷрибаи таълимии донишҷӯён дар таълимгоҳи марказии Горнизони Суғд сухан намуда, аз натиҷаҳои назаррас ва ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо дар самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди соҳа таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи таълимии саҳроии ҳарбӣ – амалии донишҷӯён дар асоси шартномаи сетарафаи қисми ҳарбии 01972, Горнизони Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, ин иқдом барои донишҷӯён имкон фароҳам меорад, ки минбаъд пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти самарабахш баранд.

Дар идома ректори донишгоҳ аз базаи моддию техникии қисми ҳарбӣ дидан намуда, дар дарсҳои амалии донишҷӯён иштирок намуд.

Шоистаи таъкид аст, ки тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи ҳамин ташаббус ва чораҳои судманди донишгоҳ аст, ки донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар саҳм мегузоранд.

Хотиррасон менамоем, ки танҳо дар мавсими баҳоронаи даъват ба сафи Артиши миллӣ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 382 нафар хатмкунандагон ихтиёран номнавис гардида, ҳамакнун рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро адо доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ