​Таҷрибаи таълимии омузгорӣ

Тачрибаомўзии педагогии донишҷуёни курси 5 –уми факултети тарбияи ҷисмонӣ оғоз гардид. Муҳассилини ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ дар МТМУ № 21 ба номи С. Усаров дар шаҳри Хуҷанд таҷриба меомӯзанд. Гуфта мешавад, ки роҳбарии ин гуруҳи таҷрибаомӯзонро мудири кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ сармуаллим Бойматов ба ӯҳда дорад.

Ҷониши директор оид ба таълим Наргизаи Усмоналӣ бо донишҷӯён сўҳбат гузаронида, оид ба риояи талоботҳои дохилии муассиса, вазифаҳои донишҷўён дар ҷараёни таҷрибаомўзӣ маълумот дод.

Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус донишҷўён бо омўзгори омодагии дифои ҳарбии муассиса Машарипов шинос шуда, дар машғулияти номбурда иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ