Таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ

Давлати соҳибистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, маҳрумият ва мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронд: тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа ва озмоиши сахту сангини таърихӣ хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Мардуми Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан хуб дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон мубаддал намуд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан ҷолибу дилоро ва мутараққиву мутамаддинро ба мерос гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон ва тадқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифт. Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихии кишвар ҳамчун омили нерӯманди муттаҳидшавии ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро иҷро намуд. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқу тарғиб карда шавад, бахусус ин дастовардро мо омӯзгорон хеле қадр мекунем. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдати миллироро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар ва берун аз он беш аз пеш таблиғ намоем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа мерасад ва онро гиромӣ медорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста, дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамсоягии нек, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои Осиёи марказӣ дар арсаи байналмиллалӣ аз ҷониби Президенти Туркманистон нахустин мукофоти Олӣ - ”Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” супорида шуд. Хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият, сулҳсозӣ ва ваҳдати миллӣ дар сатҳи минтақа баландтарин баҳоро гирифта бар даҳони бадандешони миллат мушти обдоре зад.

Дар замони пуртазоди имрӯза, ки минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро нооромиву бенизомӣ, ихтилофоти сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, масъалаи гиромидошту ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти хоса касб кардааст. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.

Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани он мебошанд, ки зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъати бештар пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои пурфоҷиа пайдо шуда истодааст. Ҳуҷуми ногаҳонии вируси КОВИД-19 мардуми ҷаҳонро аз хоби ғафлат бедор кард. Одамон ба масоили мубрами худ аз дигар зовия нигоҳ мекардагӣ шуданд. Лекин карахтии афкори мардум аз фоҷеаҳои дохилии худ зуд ба назар мерасад. Мардум ба ҷуз фикри обу нонашон ба фикри дигаре намерасанд, вале дар Тоҷикистони азизи мо ормонҳои арзишмандеро чун сулҳу салоҳ ва ободкориву созандагӣ мепарастанд.

Воқеаҳои даҳшатбори Ховари Миёна ва ҷангҳои харобиовари минтақа қабл аз ҳама аз ихтилофоти байни мардуми кишварҳои ин минтақа ба амал омаданд ва ҳамин мухолифатҳоро кишварҳои дигар истифода бурданд ва сарварони бисёр кишварҳо нобуд ва сарнагун гардиданд ва аҳолӣ ба мусибати бузург дучор гардид, ки дар Ироқу Либиё, Сурияву Яман ва даҳҳо давлати дигар давояшро намеёбанд.

Дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҳам сабаби авҷ гиифтани таркишу хунрезиҳо ихтилофоти мардуми ҳамин сарзамин мебошад, ки онро қувваҳои берунӣ истифода мебаранд. Толибон бо як ҷуръати бесобиқа маркази ноҳияҳоро соҳиб мешаванд, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббиро месузанд, вале нерӯи Ҳукумат ба онҳо намерасад ва аз дасти мардум ҳам коре намеояд. Хезишҳои мардумӣ қувват мегиранд, вале касе онҳоро наметавонад бо яроқ таъмин намояд. Махсусан афзоиш ёфтани қувваҳои ба ном давлати исломӣ, аз кишварҳои бегона баъд аз саркӯб шудан бо мақсади ҷангу хунрезӣ ба Афғонистон омадани онҳо ин кишвари ба мо дӯст ва умуман минтақаро ноором месозад. Ба назари мо вақти он расидааст, ки мардуми ин сарзамини куҳанбунёд дар сари мизи музокира ва мусолиҳа нишаста мамлакатро аз оташи ҷангу ҷидолҳои қувваҳои ҷудоиангез ва ифротгаро озод намоянд. Яроқро ба миён гузоранд ва гуфтушуниди дипломатиро оғоз намоянд ва ба ин гуфтушунидҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои хатарнок дар канор буда наметавонад ва бинобар ин, мо кӯшиш менамоем, ки бо тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёрамон манфиатҳои милливу давлатии худро бо ҳушёриву садоқати самимӣ ҳифзкунем аз таҷрибаи талхи таърихии худ ба дигарон панд диҳем.

Барои таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроту мафкураи номатлуб ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллат бетарафӣ зоҳир накарда, саҳми худро мегузоранд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон симои тамоми минтақаҳои Ватанамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардум нисбати солҳои пештара хеле беҳтар гардидааст. Ҳамин тавр, мо дар муддати начандон зиёд имконият пайдо намудем, ки кишварамонро обод гардонида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ корҳои созандагиро муттасил идома диҳем.

Мо қудрати ваҳдати миллӣ, самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро дар он рӯзҳои сахт воқеан эҳсос намудем ва ҳоло низ дар баҳсҳои сарҳадӣ ё фаъолшавии толибон чун барандагони тафаккри асримиёнагӣ шукрона аз даврони истиқлоли давлатӣ менамоем, ки он ба халқи шарафманди тоҷик нерӯву тавони тоза ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб бо ҳамдигар боз ҳам муттаҳид шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромиву осоиштагии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат мекашанд ва барои ҳимояи сарҳадоти он тайоранд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал зери роҳбарии Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соат омода гаштани 230 ҳазор сарбоз гувоҳи ваҳдати ҷомеа мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дастҷамъӣ ва ваҳдату сарҷамъии мардум барои ояндагон мактаби бузурги мардонагӣ ва саховатпешагиву инсондӯстӣ ба шумор меравад. Ҳукуматамон минбаъд низ амалӣ намудани ҳамаи чораҳои заруриро барои рушду равнақ, тараққиёт, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон тавассути амалисозии стратегияҳои дарозмуҳлат, барномаҳои миёнамуҳлати давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома дода истодааст.

Солҳои наздик дар мамлакатамон татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии миллиардҳо сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯҳволии мардуми азизамон хоҳад гардид.

З – ин инҷониб, дар шароити ҳозира ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, дар маркази диққати худ қарор диҳанд.

Шоир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле содаву зебо фармудааст:

Дастҳо бо дастҳо печанд агар,

Ақлҳо бо ақлҳо оянд агар,

Кӯҳҳоро чапагардон мекунанд,

Дардҳоро зуд дармон мекунанд.

Ин шеъри хеле сода гуфташуда моҳияти тафаккури мардуми моро нисбати раванди сулҳсозӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ хеле дуруст ва мантиқӣ ифода менамояд.

Азимова М. Ҳ. - дотсент, мудири кафедраи назария ва методикаи

тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ