​Таҷрибаи педагогӣ: донишҷӯён дарси кушоди санҷишӣ мегузаронанд

11 нафар донишҷуёни соли панҷуми ихтисоси "Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогӣ меомӯзанд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомномаи тачрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касби бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, маҳорати касбии омӯзгорӣ ва омӯзиши методҳои муосири таълим ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ин раванд аз тарафи таҷрибаомӯз Юнусова Пошохон дарси кушоди - санчишӣ аз фанни санъати тасвирӣ ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур ба мавзуи "Олами хайвонот" гузаронида шуда, барои хонандагони синфи 7 доир гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ