​Таҷрибаи педагогӣ барои донишҷӯёни ихтисоси форсӣ

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси форсӣ – англисӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумиии №61-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогӣ омӯхтанд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён шаш ҳафта давом кард.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён бо раванди таҷрибаи омӯзгорӣ шинос гардида, дар бобати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ маълумоти пурра гирифтанд. Ҳамзамон, тарзи ҳуҷҷатнигорӣ дар асоси нишондоди роҳбар ба таҷрибаомӯзон омӯзонида шуд.

Иштирок дар дарси омӯзгорон, ташкили мустақилонаи дарс, ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногун аз иқдоми дигари донишҷӯён буд, ки дар доираи таҷрибаомӯзӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, бахшида ба Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз - ҷашни бостонӣ” аз тарафи хонандагони синфи 7 “б” бо ҳамроҳи таҷрибаомӯзон дарси кушод баргузор гардид.

Дар маҷмуъ, донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ