Тарғибу ташвиқи ДДХ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони факултети геоэкология ва туризм ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, бо хатмкунандаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 мулоқот ташкил намуданд.

Зимни мулоқот ба хатмкунандагон доир ба базаи моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои таҳсил маълумот дода, рӯзномаи донишгоҳии “Нури маърифат”, ки шумораи махсус барои довталабон нашр гардида буд, тақсим намуданд.

Ба хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров яке аз куҳантарин ва бонуфузтарин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, рамзи он дар Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ