Тарғибот: Мулоқоти ректорони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ноҳияи Ашт

Субҳи имрӯз бо мақсади ҷалби довталабон дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Зимни мулоқот Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом суханронӣ намуда, таъкид варзид, ки Донишгоҳ яке аз бонуфузтарин ва куҳантарин мактабҳои олии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, давоми мавҷудияти хеш тавонист ба яке аз марказҳои бонуфузи тарбияи кадрҳои омўзгорӣ, илмӣ-педагогӣ ва ба як боргоҳи пуриқтидори илму маърифат мубаддал гардидааст. Номбурда ба хатмкунандагон доираи ихтисосҳои амалкунандаи ва базаи моддиву техникии Донишгоҳ маълумот дод.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти таълимии он дар 18 факултет ва 85 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ теъдоди омӯзгорон – 904 нафаррро ташкил дода, аз ин шумора 53 нафар доктори илм, профессор, 413 нафар номзади илм, дотсент, 413 нафар сармуаллиму муаллим фаъолият менамоянд, ки 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.

Дар ҷамъбасти мулоқот хатмкунандагон ба роҳбарони муассисаҳои олӣ суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ