Тарғиби ташаккули ҳаёти солим миёни донишҷӯён
Ҳамасола санаи 1 декабр, Рӯзи ҷаҳонии Вируси норасоии масунияти одам дар саросари дунё таҷлил карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ оид ба ВНМО ва нишон додани ҳамбастагии байналмилалӣ дар баробари пандемия мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳаёти солим дар байни донишҷӯён бо иқдоми факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ВНМО – вируси норасоии масунияти одам” баргузор карда шуд.
Зимни баргузории чорабинӣ духтури эпидемиологии маркази пешгири ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Сугд Эмомалӣ Қурбонов доир ба пешгирӣ ва роҳҳои сироятёбии он маълумот дод. бемории ВНМО в ташкил ва баргузор гардид.
Доир ба мавзуи баррасишаванда донишҷӯён суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар интиҳо ба донишҷӯён брашураҳо, ки дар он маълумоти муфассал дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз бемории ВННО оварда шудааст, тақсим карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил