​Тарғиби риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ

Ҷиҳати тарғиби риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар факултети филологияи тоҷик семинар-машварат доир гардид. Ин иқдомро масъулини созмони ҷавонон ва Шӯрои духтарони факултет ба роҳ монданд.

Замира Ӯлмасова, декани факултети филологияи тоҷик доир ба дастурамали либосҳои тавсиявӣ сухан намуда, аз зарурияти иҷрои он таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ бо таъсири пешрафти техника ва технология, рушди истеҳсолот ва раванди ҷаҳонишавӣ дар анъанаҳои миллии либоспӯшӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд. Дар ин раванд аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст, ки мақсади таҳияи он пешгирӣ аз ворид гардидани фарҳанги либоспӯшии бегона ва махлут гардидани фарҳанги суннатии тоҷикон мебошад.

Аз иштирокчиёни семинар-машварат даъват ба амал оварда шуд, ки дастурамали либосҳои тавсиявиро риоя намуда, ҷиҳати иҷро ва тарғиби он саҳм гузоранд.

Чунин ташаббус дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ