​Тарғиби либосҳои тавсиявӣ

Аъзои Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ ҷиҳати тарғиби либосҳои тавсиявӣ миёни донишҷӯён мулоқот гузарониданд. Дар доираи мулоқот Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди шарҳ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш барои донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки либосҳои тавсиявиро риоя намуда, ба омӯзиши дарс аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар рушди Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ