​Тарғиби либоси тавсиявӣ - ҳифзи фарҳанги миллӣ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар 18 факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати тарғиби дастурамали либосҳои тавсиявӣ семинар-машварат доир гардид.

Ин иқдом давоми ҳафтаи гузашта роҳандозӣ гардида, донишҷӯёнро аз тамоми факултетҳои донишгоҳ фаро гирифт.

Дар доираи ин семинар-машварат масъулини созмонҳои кор бо ҷавонони факултетҳо ва шӯрои духтарон ба донишҷӯён дар бораи “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки либосҳои тавсиявӣ дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург гузошта, дар замири донишҷӯён ҳисси зебоиро таҳким мебахшад.

Гуфта шуд, ки риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги миллӣ саҳм хоҳад гузошт.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз семинар-машварат таъмини иҷрои талабот ва низоми дохилӣ, инчунин тарғиби дастурамали либоси тавсиявӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ