​Тарбияи ватандӯстии ҷавонон

Санаи 29 октябри соли равон бо ташаббуси роҳбар-методист Ҷумаева У.Р. ва таҷрибаомӯзони гурӯҳи 406 дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд чорабинии беруназсинфӣ доир гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯён дар доиараи ҷамъбасти солҳои 2019-2021 - “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд. Дар баромадҳо қайд гардид, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар аст, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи хонандагон шеъру сурудҳои ватандӯстӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ