​Тарбияи фарзанд вазифаи муҳими оила

Бо ташаббуси устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар факултети математикаи донишгоҳ маҳфили илмии "Педагогҳои ҷавон" дар мавзуи “Нақши оила дар тарбияи фарзанд” баргузор гардид. Дар оғоз А.Убайдуллоев дар баромади хеш нақш ва мақоми оиларо дар тарбияи фарзанд муфассал баён намуда, қайд кард, ки оила дар таълиму тарбия ва баҳри ба камол расонидани фарзандони солими ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Ва имрӯз падару модаронро зарур аст, ки баҳри пойдориву устувории оила ва тарбияи фарзандони хеш масъулияти баландро эҳсос намуда, дар тадбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" саҳми арзандаи хешро гузоранд. Дар кори маҳфил омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Гулчеҳра Исмоилова, Муқаддас Назарова ва Манижа Мирмаматова фаъолона иштирок ва баромад намуданд. Дар идомаи маҳфили илмӣ донишҷӯён курси дуюм бо иҷрои намоиши саҳначаи тарбиявӣ, шеъру гуфторҳои бузургон дар боби оила ва оиладорӣ, тарбияи фарзанд ва рақсу таронаҳои дилангез хотири ҳамагонро шод намуда, ба рафти маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ