​Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар меҳвари кору пайкори устодони донишгоҳ қарор дорад. Дар робита ба ин бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ таҷрибаомӯзони ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ-и факултети тарбияи ҷисмонӣ дар гимназия рақами №4-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзиии “Ватанпарвар”-ро бо хонандагони синфҳои болоӣ ташкил ва баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ маъмурияти гимназия ва садорати факултет ширкат варзиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар ҷавонон ширкат варзида, аз рӯи намуди рӯзномаи деворӣ, фаъолияти командир, сафороӣ, вазнкашӣ, ба дарозӣ ҷаҳидан, ёрии аввалияи тиббӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат байн ҳам мусобиқа намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар иҷрои ҳар як амал барои шаффоф гузаштани мусобиқа доварон ба иштирокчиён баҳогузорӣ менамуданд. Дар фарҷом ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкилу баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чунон чорабиниҳо омода кардани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва омодагиионҳо баҳри ҳифзи марзу буми кишвар арзёбӣ мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ