​Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ

Бо ибтикори таҷрибаомӯзони факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ №23ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣбахшида ба “Рӯзи Парчам” баргузор гардид.

Дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Ш.Ҳошимова дар мавзуи “Аз таърихи парчамдории миллати тоҷик” маърӯза намуда, аз таърихи парчамдорӣ ва давлатдории тоҷикон ҳарф зад. Инчунин таҷрибаомӯзон дар мавзуъҳои “Аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз дар таъмини суботи ҷомеа”, “Парчам рамзи соҳидавлатӣ”, “Нигоҳе ба таърихи парчамдории тоҷикон” баромад намуданд.

Дар қисми дуюми конференсия хонандагон байни худ озмуни донандаи беҳтарини таърихи парчамдории тоҷиконро гузаронида аз ҷониби онҳо қироати шеърҳо, суруд ва рақс ва саҳнаҳои ҷолиби диққат оиди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ иҷро гардид.

Ҳадафи баргузории чунин ташаббусҳо баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, бедор сохтани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар ниҳоди онҳо маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ