​Тарбияи ҷавонон дар рӯҳия худшиносиву худогоҳии миллӣ

Дар факултети иқтисодӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати тарбиявии намунавӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” аз ҷониби дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Х. Пӯлодова бо донишҷӯёни ихтисоси “Маркетинг” ва “Менеҷменти иҷтимоӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар машғулият декани факултет дотсент Манзура Нуриддинова, дотсенти кафедраи мудофиаи гражданӣ полковники муставфӣ Ашӯр Ҷамолов ва ҳайати устодон ширкат варзиданд.

Дарси тарбиявии намунавӣ бо хондани Суруди Миллӣ оғоз гардида, дар идома устод доир ба нақшиИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор намудани сулҳ ва рушди Тоҷикистони навин, ибрози назар намуд. Ҳамзамон доир ба мавзуи баррасишаванда дотсент Ашӯр Ҷамолов,маърӯзаипурмазмун ироа намуд.

Дар фарҷом доир ба ин санаи таърихӣ донишҷӯёни гурӯҳ,гуфтор ва шеърҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ