​Тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон

Бо ташаббуси роҳбарияти факултети филогияи тоҷик бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбияӣ бо иштироки Саидмурод Ҳоҷиев – дорандаи ордени Шараф дараҷи 2, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯён баргузор гардид.

Мудири кафедраи забони тоҷикӣдоктори илмҳои филологӣ, Мӯсо Олимҷонов ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз дирӯз ва имрӯзи донишгоҳ ва фаъолияти бисёрсолаю пурсамари устод Саидмурод Ҳоҷиев ёдоварӣ намуд.

Сипас, Саидмурод Ҳоҷиев зимни суханронӣ ҷавононро бо андӯхтани илм, мутолиаи осори адибони классику муосир, эҳтироми устод ва худшиносиву худогоҳӣ даъват намуд. Номбурда таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон мавқеи шоистаеро соҳибанд. Аз ин рӯ Шумо – эҷодкорони тақдиру имрӯзу ояндаи Тоҷикистонро лозим аст, ки пайваста саргарми омӯзиши мероси арзишманд гузаштагон бошед ва ба ҷаҳониён собит намоед, ки меросбарони фарзандони фарзонаи миллат ҳастед.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ