Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – тақозои замон
Бо иқдоми кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – тақозои замон” мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирмаматов Мирҷамол доир иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар доираи мулоқоти мазкур тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки қонуни мазкур бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст.
Ҳамзамон, дар интиҳои мулоқоти мазкур аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил