​Танзим – баракоти зиндагӣ

Дар хобгоҳи №1 аз тарафи омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ дар мавзӯи “Танзим – баракоти зиндагӣ” мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинии мазкур омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Дар доираи ин иқдом Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, донишҷӯён фикру ақидаҳои худро оид ба иҷроиши он аз тарафи аҳолӣ баён намуданд.

Қайд карда шуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Инчунин, донишҷӯён саҳначаеро манзури ҳозирин намуданд, ки дар он аҳамияту манфиати қонуни танзим ифода ёфта буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ