ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ
Ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои таълимии №1-и Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони «Пайғоми Наврӯзи Аҷам» баргузор гардид.
Дар чорабинии идона муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик намуда, зикр дошт, ки Наврӯз аз ҷумлаи қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми тоҷик буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ормонҳои неки инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо гирифта, ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилаӣ ироа намуда, Наврӯзро таҷассумгари арзишҳои волои маънавӣ ва фарҳангии тамаддуни куҳани мардуми тоҷик унвон кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир низ устодону донишҷӯёнро ба муносибати ҷашни Наврӯз таҳният гуфта, онро ҳамчун рамзи бедории табиат ва мужда аз баҳори нозанин арзёбӣ намуд.
Дар чорабинии идона аз ҷониби факултету кафедраҳои Донишгоҳ хаймаҳои идона ва дастархонҳои наврӯзӣ ороста шуда, намунаҳои таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамчунин, бозиҳои миллӣ ва озмунҳои наврӯзӣ аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин дастурхони наврӯзӣ», «Оши палави беҳтарин» ва «Бандкашӣ» баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии ректори Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ, қироати шеърҳо дар ситоиши наврӯзу фасли зебои баҳор ва суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандон ҳусни анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил