ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: РАВАНДҲОИ ҶАҲОНӢ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ИННОВАТСИОНӢ
Таҳти чунин унвон 31 марти соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки васеи олимону забоншиносон, муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Содиқ Ятимзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забонҳо ва ба ин васила ташаккули ҷаҳонбинии муосири ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Таъкид гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, яке аз омилҳои асосии ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳимми рушди таълими забони русиро дар шароити муосир ибрози андеша кард.
Дар бахши илмии конференсия олимону муҳаққиқони варзида бо маърузаҳои пурмазмун баромад намуданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исаева Нина Александровна (Донишгоҳи давлатии Калуга ба номи К.Э. Сиолковскийи Федератсияи Россия), доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сайдуллоҷон Неъматов (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), доктори илмҳои филологӣ, профессор Рустамҷон Усмонов (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мухбирахон Неъматова (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон) андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами соҳа иброз доштанд.
Конференсия дар панҷ бахш баргузор гардида, мавзуъҳои асосҳои назариявӣ ва консептуалӣ, методика ва технологияҳои инноватсионӣ, адабиёти рус дар муколамаи байнифарҳангӣ, рақамикунонӣ дар таълими забони русӣ ва нақши он ҳамчун воситаи муоширати касбӣ ва байнифарҳангиро фаро гирифт.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои конференсия нашри маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст, ки метавонад дар рушди минбаъдаи илми забоншиносӣ ва такмили методикаи таълими забон саҳми арзанда гузорад.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»