​Таълими салоҳиятнок ва таъмини сифати таҳсилот

Ин унвони семинар-машварат буд, ки бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот барои омӯзгорони ҷавони факултетҳоидонишгоҳ доир гардид.

Сардори раёсати таълим дотсент Сабуриён Муҳиддин зимни ифтитоҳи семинар-машварат аз ҳадаф ва мақсади ин ташаббус таъкид дошта, иштирокчиёнро бо тартиб ва ҷараёни ин иқдом шинос намуд.

Дар доираи ин ибтикор доир ба мавзуи “Истифодаи методҳои муосир дар раванди таълим” омӯзгори кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети филологияи рус Дусматова ва перомуни мавзуи “Омӯзгори босалоҳият кист?” сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Юсуфҷонова маълумот доданд.

Семинар – машварат бо истифода аз усули интерактивӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он усулҳои фаъоли таълим аз ҷумла,кайс – метод, усули БФМ “Гуфтугӯ” ва ММД ба иштирокчиён омӯзонида шуд.

Ҷиҳати мустаҳкамкунии дониши назарии омӯзгорони ҷавон кори гуруҳӣ ташкил гардид, ки самаранокии семинарро таъмин намуд.

Мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсентДадобоева Нодира зикр намуд, ки ин тадбир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба роҳ монда шуда, минбаъд таҳким хоҳад ёфт.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод шуд, ки доир ба меъёри баҳогузорӣ низ семинар – машварат ташкил ва ба роҳ монда шавад.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ