​Таҷлили соли нави мелодӣ дар факултети математика

Бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинови факултети математика чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба соли нави мелодӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи тарбияи Бахтиёр Маҳмудзода номаи табрикотии ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ислом ро ба самъи иштирокдорон расонд. Қайд гардид, ки соли 2023 барои факултети математика соли пурбарор буда, бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Сипас, чорабинӣ дар шакли озмун зери унвони «Соли нави-математикӣ» ҷараён гирифит. Дар он гурӯҳҳои академии 202а, 203а, 301а ва 303а аз рӯи шартҳои муаррифии гурӯҳҳо, солҳои 2023 ва 2024-ро бо ёрии ифодаҳои математикӣ навиштан, видеоролики актуаклӣ доир ба математика, лаҳзаҳои хотирмони гурӯҳ дар соли 2023 ва овезаи «Соли нави-математикӣ» байни ҳам рақобат намуданд.

Гурӯҳҳои дар иҷрои шартҳои озмун фаъолона баромад намуда, чорабинии солинавиро рангин сохтанд. Дар натиҷаи холгузории аъзои ҳакамон гурӯҳи 203а - созовори ҷойи якум, гурӯҳи 301а - мақоми дуюм, гурӯҳи 303а- зинаи сеюм ва ҷойи чорумро гурӯҳи 202а соҳиб гардиданд.

Ҳамзамон озмуну олимпиадаҳои «12 – рӯзи интизорӣ», «Варзиши ақл», «Шоҳмот» ва «Интелект» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ