​Таҳлили сатҳу сифати таълим

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати санҷиши сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, баргузории дарсҳои кушод, вазъи истифодаи воситаҳои техникии таълим, сифати бастаҳоитаълимӣ-фаннӣ, муаррифиҳои таълимӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар доираи ин ташаббус масъулини гуруҳи корӣ аз раванди фаъолияти факултети иқтисодӣ дидан карданд.

Намояндагони гуруҳи корӣ дар як қатор дарсҳои омӯзгорони факултет иштирок намуда, маводи таълимии омӯзгор ва донишҷӯёнро аз қабили силлабус, КТМ, дафтари дарси назариявӣ, амалӣ, КМРО ва иҷроиши КМД аз назар гузарониданд.

Ин ташаббус дар дигар факултетҳо низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ