​Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар хобгоҳҳои донишгоҳ

Дар хобгоҳҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ, садорати факултетҳо, раисони занони факултетҳо чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён дар бораи забони давлатӣ, мақому манзалати омӯзгор шеъру таронаҳо қироат намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносиву маърифати донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ